Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости президенти Ироқ аз Туркия


Ҷалоли Толибонӣ, раисҷумҳури курдтабори Ироқ дар ҷараёни сафараш ба Париж аз Туркия тақозо кард, ки даст ба амалиёти низомӣ назанад. Ӯ гуфт:

"Умедвор ҳастем, ки хиради дӯсти мо, нахуствазир Эрдуғон боло гирифта ҳеҷ як мудохилаи низомӣ сурат нахоҳад гирифт ва мо, ҳукумати Ироқ ва ҳукумати минтақаии Курдистон омода ҳастем, ки бо мақомоти туркӣ барои расидан ба созише ҳамкорӣ кунем"

Изҳороти Толибонӣ баъди он садо дод, ки муовини раисҷумҳури Ироқ Ториқ ал-Ҳошимӣ аз Туркия хост, ки ба ин кишвар фурсат бидиҳад, то мушкили шӯришиёни курд дар шимоли Ироқро ҳаллу фасл кунад.

Вай дирӯз бо мақомоти туркӣ дар Анкара мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG