Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафти Эрон ба 1,5 миллиард $ ниёз дорад


Ширкати давлатии нафти Эрон, тибқи гузоришҳо, барои содироти бензин ва маҳсулони нафтӣ ба яку ним миллиард доллар маблағ ниёз дорад.

Раиси ин ширкат Нуриддин Шаҳнозизода гуфтааст, ки ҳукумат дар ин замина ба буҷаи соли оянда як иловае ворид карда онро ба баррасии парлумон пешниҳод кардааст.

Радио Фардо мегӯяд, ки тибқи гузоришҳо, аъзои маҷлиси Эрон ба ин пешниҳод мухолифат доранд.

Ба хотири коҳиши масрафоти бензин, Эрон моҳи июн дар истифодаи ин маводи сӯхт маҳдудият ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG