Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

И. Каримов ба Ишқобод меравад


Раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов дар таърихи 18 октябр барои анҷоми музокирот бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вориди Ашқобод хоҳад шуд.

Баъди соли гузашта ба ин мансаб омадани Бердимуҳаммадов, ин нахустин мулоқоти ду ҳамсоякишвар дар хоки Туркманистон аст, ки ба баррасии ҳамкориҳои дуҷониба бахшида мешавад.

Дар меҳвари ин диду боздидҳо инчунин барномаҳои беҳбуд додани лӯлаи газе қарор дорад, ки гази Туркманистон ба Русия тавассути хоки Ӯзбакистон интиқол медиҳад.

Инчунин нақшаҳои бунёди лӯлаи дигари газ ба самти Чин матраҳ аст, ки ҳамчунон аз хоки Ӯзбакистон хоҳад гузашт.

XS
SM
MD
LG