Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии амалиёти эҳтимолии Туркия дар хоки Ироқ


Порлумони Туркия баррасии масъалаи иҷозаи анҷоми амалиёти фаромарзиро дар шимоли Ироқ зидди пойгоҳҳои низоми шӯришиёни ҳизби коргарии Курдистон шурӯъ кард.

Мақомоти ироқиву амрикоӣ аз Анкара даъват кардаанд, даст аз чунин иқдом бардорад. Онҳо мегӯянд, ки анҷоми чунин амалиёт метавонад вазъи бе ин ҳам бесуботи минтақаиро боз ҳам печидатар кунад.

Паймони низомии НАТО ҳам аз Туркия даъват кард, ки аз ин гуна иқдом ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, муовини раисҷумҳури Ироқ Ториқ ал-Ҳошимӣ аз Туркия хостааст, ки ба ин кишвар фурсат бидиҳад, то мушкили шӯришиёни курд дар шимоли Ироқро ҳаллу фасл кунад.

Вай дирӯз бо мақомоти туркӣ дар Анкара дидору гуфтугӯҳо анҷом дод. "Анатолия" дар нақли қавл аз Ҳошимӣ мегӯяд, ки Бағдод дар азми хатми убуру мурури шӯришиёни курд қавӣ аст.

XS
SM
MD
LG