Пайвандҳои дастрасӣ

Путин Аҳмадинажодро ба Маскав даъват кард


Владимир Путин мавқеи худро рӯшан кард, ки Русия мухолифи ҳама гуна иқдоми низомии ИМА зидди Эрон хоҳад буд.

Дар нишасти сарони кишварҳои соҳили Хазар дар Теҳрон, Путин гуфт, ки ҳатто андешаи истифодаи нирӯ дар минтақа набояд ҷо дошта бошад.

Дар эъломияи ниҳоии баъди нишасти сарони соҳили Хазар, раисҷумҳуриҳои Русияву Эрон, Қаазоқистону Туркманистон ва Озарбойҷон изҳор карданд, ки ҳеҷ як кишвари дигар ҳақ нахоҳад дошт, ки қаламрави ин давлатҳоро барои ҳамла болои кишвари сеюм истифода кунад.

Раҳбари Русия аз ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод даъват кард, ки бо сафари расмӣ аз Маскав дидан кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG