Пайвандҳои дастрасӣ

Нодорӣ дар Тоҷикистон


Қашшоқӣ ва нодорӣ, зиндагии поин аз хатти фақр як мушкили умдаи матраҳшаванда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки тӯли бештар аз як даҳсолаи ахир сари он зиёд мегӯянд ва ҷиҳати коҳиши мизони фақр дар миёни мардуми кишвар ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ барномарезиҳо дорад.

Иқтисодшиносони кишвар аслан пояҳои фақр дар Тоҷикистонро ба бӯҳрони иқтисодии даҳсолаи ахири қарни гузашта марбут медонанд, ки манобеъи аслии даромадҳои иҷтимоии мардумро тақрибан аз байн бурд. Аммо таҳлилгарони сиёсӣ боз ҳам иллати аслиро дар буҳрони сиёсии солҳои навади қарни бист дар кишвар медонанд.

Савлатмоҳ Муродова, як сокини Рашт, ки феълан дар Душанбе иқомат дорад, дар хиёбонҳои пойтахт, ба вижа роҳрави масҷиди марказии Душанбе барои раҳоии худу фарзандон аз гуруснагӣ даст ба гадоӣ дароз мекунад. Хонум Муродова, собиқаи 30-солаи кор дар мақомоти давлатӣ дорад, вале имрӯз умед ба дасти саховати раҳгузарон бастааст.

Дар Тоҷикистон аслан ду қишри ҷомеа - атфол ва солхӯрдагон - зиёд ранҷ мебаранд, зеро онҳо бештар аз ҳар гурӯҳи дигар ниёзманд ба пуштибонӣ ҳастанд. Ва агар атфол аз кӯмакҳои иҷтимоие, ки қаблан, замони Шӯравӣ аз сӯи давлат ба даст меоваранд, имрӯз комилан маҳруманд, бознишастагон, ки бар ивази заҳматҳои қаблии худ маоши бознишастагӣ дарёфт мекунанд, хеле ночиз аст ва ҳатто ба гуфтаи коршиносони масоили иҷтимоӣ таҳқир ба назар мерасад.

Вале ба ҳар сурат, ҳукумати Тоҷикистон дар ин авохир эълом доштааст, ки мизони фақр дар Тоҷикистон ҷиддан рӯ ба коҳиш аст ва дар 7 соли ахир мизони фақр дар кишвар аз 85 дарсади қаблӣ то ба 57 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ғафурҷон Расулов, сухангӯи Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорат коҳиши мизони фақр дар кишварро марбут ба барномаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҳукумат медонад. Ба гуфтаи ӯ, тасвиби барномаи стротежии мубориза бо фақр дар Тоҷикистон тасмими ҷиддии ҳукумати кишвар дар раванди фақрзудоӣ дар миёни мардум будааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар зимн тарҳҳои муҳими кӯмак ва пуштибонӣ аз мардуми қашшоқи кишвар амалӣ шуда ва миллионҳо доллар сармояи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати анҷоми муваффақонаи ин тарҳҳо ироа шудааст. Оқои Расулов меафзояд, бар тибқи ин барнома ҳукумати Тоҷикистон дар назар дорад, ки мизони фақр дар кишвар то соли 2015-ум то ҳудуди 32 дарсад поин равад.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои молиявии байналмилӣ мӯътақиданд, ки дар Тоҷикистон мизони фақр то ҳадди муайян коҳиш ёфтааст, вале мегӯянд, ки арқоми дар робита пахшнамудаи ҳукумати Тоҷикистонро намешавад дақиқ унвон кард.

Карлос Пинеруа, раҳбари ҳайати сандуқи байналмилалмилаии пул доир ба масоили Тоҷикистон мегӯяд, тахмин аст, ки омори дар мавриди коҳиши фақр эъломкардаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ аст ва меафзояд, дар Тоҷикистон барои расидан ба аҳдофи барномаҳои мубориза бо фақр бояд дар бахши кишварзӣ аз ислоҳоти ҷиддӣ кор гирифт.

Аммо дар ҳамин ҳол таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, агар дар як даҳсолаи ахир мизони фақр дар Тоҷикистон то ҳадди муайяне коҳиш ёфтааст ва аммо дар маҷмӯъ, зиёд назаррас набудааст. Зеро, ба эътиқоди онҳо, решаи фақр дар кишвар амиқтар аз он чизе ҳаст, ки тасваввур мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик мегӯяд, ба омори эъломкардаи ҳукумати Тоҷикистон, дар мавриди коҳиши мизони бесобиқаи фақр дар кишвар зиёд эътимод, надорад, агарчӣ ин омори пешниҳодкардаи Бонки ҷаҳонӣ аст.

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр шурӯъ аз соли 1992 бо қарори Маҷмаъи кулли СММ тақрибан дар 110 кишвари ҷаҳон истиқбол мешавад ва дар ин рӯз аз маросиму тасмимҳои ҷиддии марбут ба фақрзудоӣ кор мегиранд. Зеро бар тибқи оморҳо феълан аз чаҳор як ҳиссаи сокинони сайёра дар қашшоқӣ ба сар мебаранд ва маълумоти СММ бар ин аст, ки шурӯъ аз соли 1991 то кунун дар кишварҳои Шӯравии собиқ теъдоди мардуми дар поин аз хатти фақр зиндагӣ дошта аз 2 дарсади қаблӣ то 25 дарсад афзудааст.

XS
SM
MD
LG