Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худойбердиев, "Тоҷикистони озод", Зайнабобод...


Додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов дар нишасти хабарии рӯзи 17 октябр дар Душанбе
Додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов дар нишасти хабарии рӯзи 17 октябр дар Душанбе

Шарҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи таҳдидҳои амниятӣ ба кишвар ва парвандаҳои пурсарусадо.

Худойбердиев дар куҷост?

Додситони кулли Тоҷикистон изҳороти пешинаи худ дар бораи Маҳмуд Худойбердиев ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро такрор кард, вале барои нахустин бор сарҳанги шӯришии тоҷик Худойбердиевро узви як ҳизби номнависнашудаи террористӣ эълом дошт. Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи мусаллаҳи худ дар қаламрави Узбакистон ба сар мебарад. Вай афзуд Худойбердиев дар рӯйдодҳои моҳи майи соли 2005-и Узбакистон низ даст доштааст: «Фирқаи низомии Маҳмуд Худойбердиев бо ҳама мусаллаҳонаш то имрӯз дар қаламрави Узбакистон будубош дорад. Ӯ лидери ташаккули ҷиноӣ мебошад, садҳо ҳазор сокини ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон аз дасти ин гурӯҳи ҷиноӣ ранҷ мебаранд. Магар ҳодисаҳои соли 2005-и Узбакистонро фаромӯш кардед? Ин ҳам кори дасти Маҳмуд Худойбердиев аст. Беҳтар ин аст, ки ба масоили ҳассоси сиёсии вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Узбакистон мудохила накунем…»

Узви ҳизби сиёсӣ?

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев узви Ҳизби Тоҷикистони озод мебошад, ки дар қаламрави кишвар ин ҳизб созмони террористӣ маҳсуб мешавад. Ин баёнияи додситонӣ барои расонаҳои хабарӣ ғайримунтазира ва нав буд. Суоли дигар ин буд, ки Маҳмуд Худойбердиев бо ҳизби, ба иддаои додситонӣ, террористии мавсум ба «Тоҷикистони озод» чӣ иртибот дорад? Ва ин ҳам дар ҳоле ки раиси ин созмон Яраш Қурбонов, як узбактабори тоҷикистонӣ, ки феълан дар яке аз зиндонҳои Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад, шинохта шудааст.

Магар ҳодисаҳои соли 2005-и Узбакистонро фаромӯш кардед?
Баҳодур Ҳомидов, сардори раёсати тафтиши парвандаҳои муҳимми додситонии кулл, дар шарҳи иддаои Б. Бобохонов гуфт: «4-уми ноябри соли 1998, агар ёд доред, гурӯҳи мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд ҳамла карда, барои мӯҳлати муайян баъзе ниҳодҳои маъмуриро забт карда буданд. Баъдан, аз номи ҳизби «Тоҷикистони озод» изҳороти сиёсӣ дода ва даст доштани худ дар он ҳодисаҳоро иқрор карданд. Мо чанд узви ин созмонро бозпурсӣ кардем, он замон «Тоҷикистони озод»-ро Абдуллоҷонов раҳбарӣ менамуд ва Маҳмуд Худойбердиев ҳам аз номи ҳамин ҳизб баромад мекард. Аз ин рӯ, «Тоҷикистони озод» ҳизб террористӣ унвон шудааст дар Тоҷикистон».

Раддияи Яраш Қурбонов

Ва аммо дар як навори садо, ки соли гузашта гӯё аз сӯйи Яраш Қурбонов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони озод», аз зиндони Қаршии Узбакистон берун омадааст, оқои Қурбонов мегӯяд, ҳизби вай бо Маҳмуд Худойбердиев ҳеҷ иртибот надорад. Порае аз ин муроҷиатномаи ӯ ба дасти радиои Озодӣ расидааст: «…Ба касофати исёни Маҳмуд Худойбердиев, баъди моҳи августи соли 1997, ҳазорҳо нафар узви гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ ва хонаводаи онҳо ба Узбакистон маҷбур шуданд фирор бикунанд. Аммо баъдан, вақте дарк кардем, ки ҳадафи аслии Маҳмуд Худойбердиев чист ва талаби ҳамла ба шимоли Тоҷикистонро рад намудам, маро мавриди шиканҷа қарор доданд ва бо айбҳои сохта равонаи зиндон карданд».

Пасманзар

Собиқ сарҳанги нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев дар арафаи сулҳи кишвар, дар соли 1997 ва дертар, тирамоҳи соли 1998, ба канораи Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ҳамла карда буд. То ҳанӯз афроде бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Худойбердиев дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мешаванд. Дар ҳамин ҳол, додситони кулл Бобоҷон Бобохонов дар шарҳи хабарҳои матбуот пиромуни истирдоди дубораи Муҳаммадрӯзӣ

Аз рӯзе, ки ҳукм қувваи қонунӣ гирифт...додситонии кул ба он барнагаштааст ва барнамегардад.
Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби Демократии Тоҷикистон, аз Душанбе ба Русия, гуфт, дар ин бора бо мақомоти Русия ҳеч гуна гуфтушунид сурат нагирифтааст. Додситони кулл ин хабарро, ки гӯиё намояндагони додситонии Русия бо ин ҳадаф ба Душанбе омада бошанд, низ такзиб кард. Вай афзуд: «Аз рӯзе, ки ҳукми додгоҳ нисбат ба Искандаров қувваи қонунӣ гирифта, мавриди иҷро қарор гирифтааст, додситонии кул ба ин масъала дубора барнагаштааст ва намегардад, коре ҳам надорад. Ягон кас дар фикри аз Тоҷикистон ба кишвари дигар интиқол додани М. Искандаров нест. Ин гуна маслиҳату ҳамкорӣ ва гуфтушунид миёни додситониҳҳои кулли Тоҷикистону Русия дар миён нест».

Қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Ин ҳам дар ҳоле ки Анна Ставитская, вакили мудофеъи Искандаров, гуфтааст, истирдоди муваккили ӯ ба Душанбе қочоқӣ буда, хилофи қонунҳои Русия ба амал омадааст ва ибтидо бояд қазияи ин рабоиш дар додгоҳи Маскав муҳокима шавад. Ба гуфтаи Ставитская, парвандаи Искандаров дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо интизори ҳалнома аст. Додситони кулли Тоҷикистон аммо гуфт, ки феълан Искандаров дар зиндон шароити хуб дорад ва аз вазъи будубошаш шикояте накардааст. Аммо наздикони Искандаров ва пайравонаш гуфтаанд, вазъи ӯ дар зиндон хуб набуда, мулоқот бо ӯ мамнӯъ будааст.

"Генплан"-и Зайнабобод

Амволи мардуми рондашуда
Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ҳамчунин гуфт, ки алайҳи сарвари корхонаи парвариши паррандаи ноҳияи Рӯдакӣ бинобар ғайриқонунӣ тақсим кардани 43 ҳектор замини атрофи ин корхона парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тақрибан дар 20 ҳектор замин 400 манзили истиқоматӣ бунёд гардидааст, аммо феълан амр шудааст, то ин хонаҳо тахриб ва ба ҳоли пешина баргардонида шавад. Дар моҳи сентябр гурӯҳе аз сокинони деҳаи Зайнабобод ба нишони эътироз аз тахриб шудани манозилашон, дар назди Кохи раиси ҷумҳур ва бинои додситонии кулли Тоҷикиситон ҷамъ омада буданд. Дар ҳоле ки ин сокинон мегӯянд, барои сохтмони манзил асноди зарурӣ доранд ва тайи чанд сол дар ин мавзеъҳо ба сар мебаранд, додситонӣ иддао дорад, ки ин хонаҳо муғойир ба қонун бунёд шудаанд ва феълан Ҳасан Азимов, раиси корхонаи паррандапарварии Рӯдакӣ, бинобар ғайриқонунӣ тақсим кардани замин боздошт шудааст. Оқои Бобохонов дар ин иртибот гуфт: «Дар сарсониву саргардонии мардум Ҳасан Азимов, ки заминҳоро худсарона тақсим кардааст, муттаҳам аст. Ӯ барои додани замин ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳатто навоҳии дигари кишвар маблағҳои ҳангуфт, ки дар маҷмӯъ садҳо ҳазор сомониро ташкил додаст, ришват ситонидааст».

Айби мардум чист?

Дар ҳамин ҳол Нусратулло Абдуллоев, раиси додгоҳи олии кишвар, дар нишасти хабарии имрӯз гуфт, дар ҳоли маҳрум шудани сокинони Зайнабобод аз манзили зисташон, ки гӯё ғайриқонунӣ сохта шудаанд, ба онҳо ҷубронпулӣ дод намешавад. Ва аммо додситони кулл Бобоҷон Бобохонов гуфт, ки мешавад ин қазияро барои ҳама ҷониб мусбат ҳал кард: «Ин масъала як нозукии дигар дорад, ки агар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат бикунад ва бо мувофиқаи мақомоти марказии кишвар, барои қонунӣ кардани заминҳои худсарона ва ғайриқонунӣ азхудшуда, қароре ба тасвиб расонад, қазияи мазкур ҳалли худро хоҳад ёфт».

Аммо то ҳол ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ин гуна тасмим нагирифтааст ва ин ки афроди аз манзил маҳрумшуда зимистони худро дар куҷо ва дар кадом шароит пушти сар хоҳанд кард, суоли рӯз боқӣ мемонад.

Оҳ, Орима, Орима...

Ба ҷуз ин дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе додситони кулл гуфт, ки Маъруф Орифов, раиси шабакаи фурӯшгоҳҳои "Орима", дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии кишвар нигаҳдорӣ мешавад ва овозаҳо дар бораи раҳо шудани ӯ бебунёданд. Бобоҷон Бобохонов гуфт, ки раиси фурӯшгоҳҳои «Орима» бо ҷурми ришватдиҳӣ мавриди боздошт қарор гирифтааст, аммо дар ҳоли ҳозир парвандаи ӯро Ожонси назорати молию мубориза бо фасод таҳқиқ мекунад. Ёдрас мекунем, Маъруф Орифов тобистони имсол аз сӯйи мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шуда буд. Тақрибан ҳамон вақт дар пайи тафтиши анбори ширкати «M&P», ки молики фурӯшгоҳҳои «Орима» аст, якуним тонн қаннодӣ ва маводи хӯрокаи ғайри қобили истифода мусодира шуда ва баъдан ба дари анборҳои ин ширкат мӯҳр зада шуд.

XS
SM
MD
LG