Пайвандҳои дастрасӣ

Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи Покистон, ки 8 сол ба ин тараф дар ҳиҷрат ба сар мебарад, эълон кард, ки 18 октябр ба ватан бармегардад.

Беназир Бҳутто, ки дар як нишасти хабарӣ дар Дубай бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ки ӯ бо худ демократияро ба Покистон хоҳад бурд:

“Баъди 11 сол, бозгашти ман барои мардуми Покистон маънии бозгашт аз диктатура ба сӯи демократия, аз истисмор ба сӯи соҳибихтиёрӣ ва аз хушунат ба сӯи осоишро дорад.”

Бозгашти Беназир Бҳутто ба Покистон дар пешорӯи интихоботи саросарии парлумонии он кишвар, ки қарор аст, моҳи январи соли оянда баргузор шавад, сурат мегирад. Аммо ин бозгашт ба хонум Бҳутто танҳо баъди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Покистон, ки рӯзи 6 октябр бо пирӯзии раҳбари феълии кишвар Парвиз Мушарраф анҷом ёфт, муяссар шудааст.

Дар моҳи сентябр сарвазири дигари пешини Покистон Навоз Шариф низ талош карда буд, ба хотири ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ баъди шаш соли ҳиҷрат ба ватан баргардад. Аммо мақомоти Покистон ӯро баъди ҳамагӣ чанд соат аз қаламрави кишвар ба Арабистони Саудӣ ихроҷ карданд.

Беназир Бҳуттои 54-сола, ки дар солҳои навадуми асри гузашта ду дафъа ба симати сарвазирии Покистон расида буд, ҳанӯз соли 1996 бо ин курсӣ падруд гуфт. Аммо ӯ то кунун аз бонуфузтарин занони сиёсатмадори ҷаҳон боқӣ монда, нахустин занест, ки раҳбари як кишвари мусалмонӣ шудааст.

Қарор аст, Беназир Бҳутто аз роҳи Карочӣ вориди Покистон шавад. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли мақомоти амниятии Покистон навишт, ки рӯзи панҷшанбе барои таъмини амният дар ҷараёни истиқбол аз хонум Бҳутто ҳудуди 10 000 корманди пулис ва ниҳодҳои шибҳанизомӣ басиҷ хоҳанд шуд.

Қаблан, Беназир Бҳутто гуфта буд, ки ӯ аз эҳтимоли ба ҷонаш ташкили сӯиқасд кардани афсарони собиқи низомӣ назар ба эҳтимоли даст ба чунин амал задани ҷангиёни Толибон, ал-Қоида тарси бештар дорад.

Хонаводаи Бҳутто, ки аз бонуфузтарин хонаводаҳои Покистон шинохта мешавад, дар гузашта низ ҳадафи сӯиқасдҳо қарор гирифта будаанд. Муртазо Бҳутто, бародари Беназир, соли 1996 дар Карочӣ дар асари як сӯиқасди то ҳол мармуз, ки Беназри Бҳутто онро кори дасти мақомоти иктишофии Покистон медонад, кушта шуд.

Падари Беназир – Зулфиқор Алӣ Бҳутто низ соли 1979 тавассути кудатои низомӣ ба раҳбарии генерал Зиё-ул-ҳақ аз мақоми сарвазирӣ барканор гардида, ба дор овехта шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар арафаи бозгашти Беназир Бҳутто Додгоҳи олии Покистон муҳокимаи масъалаи таъйиди интихоби дубораи Парвиз Мушарраф ба симати раёсатҷумҳуриро бо вуҷуди бо талаби истеъфои Парвиз Мушарраф дар атрофи сохтмони додгоҳ гирди ҳам омадани садҳо тан аз фаъолони мухолифин ба таъхир андохт. Қарор аст, баррасии ин мавзӯъро ҳайъати наву такмилшудаи қозиёни Додгоҳи олӣ анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG