Пайвандҳои дастрасӣ

Беназир ба Ватан бармегардад


Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи Покистон рӯзи 18 октябр ба ватан бармегардад.

Хонум Бҳутто ҳанӯз 11 сол пеш аз мақоми сарвазирӣ барканор шуда, тайи 8 соли охир, аз замони ба раҳбарии Покистон омадани Парвиз Мушарраф дар хориҷ аз Покистон ба сар мебурд.

Бозгашти ӯ ба ватан танҳо баъди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки бори дуввум ба фоидаи Мушарраф анҷом ёфт, имконпазир гардид. Додгоҳи олии Покистон бояд имрӯз ба баррасии масъалаи таъйиди пирӯзии Парвиз Мушарраф дар ин маърака шурӯъ мекард, вале ин баррасӣ ба таъхир афтодааст.

XS
SM
MD
LG