Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷопон ба нобиноёни тоҷик кӯмак мекунад


Имрўз, 17 октябр дар бинои Идораи марказии ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, воқеъ дар Душанбе, маросими анҷоми лоиҳаи нашри китобҳои дарсӣ барои нобиноён ва барқарорсозии бинои Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти ҳукумати Ҷопон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, китобҳои дарсӣ барои нобиноён иборат аз 17 номгўй ва дар маҷмўъ, беш аз 5 ҳазор нусха аз фанҳои забони модарӣ, адабиёти тоҷик, ризоиёт, ҷуғрофия, таърихи халқи тоҷик, таърихи ҷаҳон ва ғайра мебошанд. Маблағи умумии ин кўмаки ҳукумати Ҷопон ҳудуди 85 ҳазор доллар гуфта мешавад.

Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 12 миллион доллар кўмакҳои бебозгашт намудааст.

XS
SM
MD
LG