Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор майдони Рашту Ванҷ аз мина пок шуданд


Ҷонмаҳмад Раҷабов - раиси маркази минрӯбии Тоҷикистон аз поккорӣ шудани чаҳор майдони минкоришуда дар шарқи кишвар хабар дод.

Вай гуфт, ин чаҳор майдон дар наздиктарин фурсат барои истифода ба мақомоти маҳалии навоҳии Рашту Ванҷ супорида мешаванд. Дар мавсими имсола беш аз 1400 адад минаҳои зиддинафар ва зиёда аз 400 дона мина безарар гардонида шудааст.

Ҳамзамон оқои Раҷабов афзуд, бино ба сардии ҳаво дар бештари мавозеи минкоришудаи ин минтақа мавсими имсолаи минрубӣ қатъ гардид.

Масъулини маркази минрубӣ ба мавҷудияти майдонҳои то ханӯз кашфношуда ишора мекунанд ва мегӯянд, аз соли оянда амалиёти минрубӣ дар наздикии ҷамоати Арзунг шурӯъ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG