Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаи фаррош ва фаррошӣ дар Прага


Дар навиштани ин матлаб корманди Радиои Озодӣ дар Прага Ива Мастикова кӯмак кардааст.

Соат тақрибан сеи шаб аст ва дар баробари ягон-ягон мошинҳову мардикорони ҷӯёи кор, дар хиёбонҳо гурӯҳи занҳои ҷоруббадаст пайдо мешаванд.

Тақрибан дар ҳамин соатҳо, панҷ ҳазор километр дуртар аз Душанбе дар хиёбонҳои Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех марде бо исми Павел савори мошини кӯчарӯбӣ ҳамчунин дар андешаи ба танзим овардани симои ин шаҳри зебои аврупоӣ мешавад.

Павел, либоси гарми норанҷӣ ба тан, ҳамроҳ бо шарикаш масъулияти кӯчарӯбиро ба дӯш дорад ва медонад, ки дар давоми 8 соат онҳо бояд 10 хиёбони таҳти назорати худро тамиз кунад. Барои осонии кораш ширкат ба вай ҳама васоили зарурии кӯчарӯбиро додааст. Аксар васоили кории фаррошони ин ҷо, мисли ҷорӯбу панҷшохаву мошини кӯчарӯбиву белҳои барфтозакунӣ, дар истифода соддаву гоҳо тибқи мӯди охирин таҳия шудааст.

Дар Ҷумҳурии Чех, шабеҳи аксар давлатҳои Аврупову Ғарб, хизматрасонии мухталифи шаҳриро ширкатҳои алоҳида ба дӯш доранд ва Михал Пара, раҳбари тиҷоратии як чунин ширкате бо исми KOMWAG розӣ шуд, муҳимтарин шарту шароити кори фаррошони маҳаллиро ба радиои Озодӣ қисса кунад. Вай гуфт:

"Албатта, кормандони мо мутобиқи Қонуни кор ва аз рӯи муқарррори дохилии ширкати мо маош мегиранд. Маоше, ки онҳо мегиранд, мутобиқи Қонуни кор ҳисоб карда шуда, инчунин болои он ҳама андозҳои зарурии пардохтшаванда илова мешавад, яъне андози нафақа, бимаи беҳдоштӣ ва андозҳои дигар.

Мутобиқи муқаррароти дохилии ширкат, онҳо ба баъзе имтиёз ё қарзҳо ҳам дастрасӣ доранд, мисли дастрасӣ ба талонҳои ғизо, дар ҳаҷми 60 крон дар як рӯз. Аз ин маблағ, 45 дар садашро худи коргар медиҳад ва боқиро ширкат. Фаррошон бо ин талон дар нуқтаҳои махсуси ғизо хӯрок хӯрда метавонанд.

Илова ба ин, ба онҳо солона маоши 13 ё 14-умро ҳам мутобиқи маҳсулнокии корашон пардохт мекунанд. Ин тақрибан 50 фоизи маоши моҳонаи онҳоро ташкил мекунад. Аз ин рӯ, мо гуфта метавонем, ки мо ба онҳо дар маҷмӯъ солона 13 бор маоши пурра пардохт мекунем".

Ӯ афзуд, ки моҳе фаррошони ширкати онҳо даҳ-ёздаҳ ҳазор крон, баробар бо 550-600 доллари амрикоӣ маош мегиранд, ки барои рӯзгузаронӣ ва ҳалли камбудиҳои дигари зиндагӣ, мисли хариди либоси начандон гарон, кифоят мекунад.

Ба фарқ аз Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Чех кори начандон осони фаррошиву тамизкории хиёбонҳо аксаран ба дӯши мардон аст. Дарсади ками занҳо розӣ мешаванд, ки ҷорӯб дар даст ва ё савори мошин хоку ахлоти кӯчаро тоза ва ё дар рӯзҳои сарди зимистон роҳу ҷодаҳоро аз барф пок кунанд. Дар миёни онҳо, аксар мардони миёнасол ва то 40 дар сад мардони синни нафақаро вохӯрдан мумкин аст, мегӯяд Михал Пара.

Шароити ба кори фаррошӣ истихдом кардани мардум дар Ҷумҳурии Чех хеле оддӣ аст. Дар сурате, ки кас дар гузашта ҷинояти махсусан вазнин содир накарда бошаду аз мушкилоти ҷисмониву сиҳҳатӣ азият накашад, метавонад ба истилоҳ ба даст ҷорӯб гирад.

Михал Пара мегӯяд, ки аксар ширкатҳои тамизкории шаҳри Прага бо камбуди нирӯи корӣ рӯбарӯ аст ва ҷои онҳоро то андозае шаҳрвандони дигар кишварҳо, муҳоҷирони корӣ мегиранд. Вай гуфт, ки тақрибан 10 дар сади фаррошони онҳоро шаҳрвандони Украинаву Булғористон ташкил медиҳанд, ки бо сабаби бекорӣ дар давлатҳояшон ба Ҷумҳурии Чех омада кореро анҷом медиҳанд, ки аксар мардуми маҳаллӣ аз он даст мекашанд. Ҳамонтавре ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Русия ин масъулиятро аксар шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, мисли тоҷикистониҳо ба дӯш доранд.

Дар Ҷумҳурии Чех кори фаррошон аз фасли сол ҳам сахт вобаста аст, масалан, тирамоҳу зимистон кори онҳо бештару сахттар назар ба дигар мавсимҳои сол будааст.

Аммо бо ин вуҷуд, Павел ва дигар ҳамтоёни ӯ хуб медонанд, ки ин ҳама заҳмату маоши онҳо кофист, ки шом бо дӯстонашон дар як тарабхонаи оддӣ оби ҷав нӯшида аз телевизион бозии футболро тамошо кунанд ва фардо субҳ дубора сари кор баргарданд.

(Дар таҳияи ин гузориш ҳамкори радиои Озодӣ Ива Мастикова саҳм гузоштааст)

XS
SM
MD
LG