Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки чашмнорас ба нобиноёни Душанбе


Дар рӯзи ҷаҳонии нобиноён танҳо ду созмони байналмилалии шаҳри Душанбе – Бунёди мадади Швейсария ва Ширкати тиҷоратии Квест_нет барои беш аз якуним ҳазор нобинои пойтахт дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ маводи ғизоие, аз қабили чою макарон ва биринҷ кӯмак карданд.

Имрӯз, нобиноён ҳамчунин ба маркази нобиноёни шаҳри Душанбе омада, дар барномаи тафреҳии созмондодаи Ҷамъияти минтақавии нобиноёни Душанбе бахшида ба рӯзи ҷаҳонии нобиноён ширкат намуданд. Дар ин барнома ҳунармандони нобино дар баробари ҳамтақдирони худ суруд хонданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, феълан, дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор афроди нобино ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG