Пайвандҳои дастрасӣ

«Маоше, ки мегирам, барои картошкаву пиёз ва равған базӯр мерасад. Барои харидани гӯшт намерасад. Дар 1-2 моҳ гӯштро бачаҳои ман намебинанд.»

Ин ҳарфҳои занест бо номи Сайрам Хоҷаева - сокини шаҳри Душанбе. Хонум Сайрам мегӯяд, 69 сол дорад, модари 11 фарзанду модаркалони 24 набера аст. Вай беш аз 40 соли умри худро сарфи ҷорӯбкашӣ дар хиёбонҳои пойтахт кардааст.

Ман тақрибан соати чори шаб, хонум Сайрамро бо дигар ҳамкоронаш дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳангоми ҷорубкашӣ дарёфтам ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки дар пиронсолӣ иҷрои чунин як кори сангин барояш душвор нест?

Ӯ ҷавоб дод, «Аз маҷбурӣ ин корро мекунам. Фарзандон бекор. Пул набуд, ки фарзандонро хононем, соҳиби ягон касбу кор кунем.»

- Дар як рӯз чанд соат дам мегиред?

«Қариб, ки дам намегирам. Ман одат кардаам дар хона ҳарчанд духтаронам, келинҳоям кори хонаро мекунанд, боз ҳам бекор истода наметавонам.»

Ба сӯҳбати ману хонум Сайрам зани ҷорӯбкаши дигар, ки худро Файзимоҳ муаррифӣ кард, ҳамроҳ шуд. Хонум Файзимоҳ гуфт, ӯ 65 сол дорад ва хонаводааш аз 10 нафар иборат аст. Вай афзуд, моҳи гузашта дучори садама шудааст. Он ҳам ҳангоми ӯорубкашӣ соати 3и шаб.

«Зимистони соли гузашта дар торикӣ мошин надид ва зер кард маро. Як дасту поям шикаст.»

- Аз ҷойи кор кӯмак карданд?

«Не ҳеҷ кас ёрдам накард. Писаронам қарз карда маро табобат карданд. Кор накунам намешавад. Бинед нарху наво рӯз то рӯз гарон мешавад. Як халта орд 100 сомонӣ маоши мо, ки 30 сомонӣ аст, ба чӣ мерасад?»

Сӯҳбати маро бо ин занону ҷорӯбкаш, садои марди миёнсол, ки сарвари занони роҳрӯб будааст, хотима бахшид, ки таъкид мекард, машғули кор бошанд. Ва хонум Сайрам ба ҷойи худоҳофизӣ орзуву ормонҳои худро бо як дуо баён дошт.

«Худоё, худовандо, сола серӣ кунад,1 халта орда 12 сомонӣ кунад ва моро ба нури имон бубарад. Бираҳматики ё арҳама роҳимин.»

XS
SM
MD
LG