Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгирии машваратҳои тиҷоратии Тоҷикистон


Дар Кохи Ваҳдат маросими муаррифии барномаи Бонки аврупоии Бозсохт ва Рушд (БАБР) таҳти унвони «Дастгирии машваратҳои тиҷоратӣ» сурат гирифт, ки яке аз барномаҳои ин бонк дар Тоҷикистон мебошад. Дар ин чорабинӣ раҳбари намояндагии бонки мазкур ва раҳбарони сатҳҳои мухталифи барнома дар бораи натоиҷ, нақшаҳо ва дурнамои рушди барнома ҳарф зада, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тӯли 12 сол барномаи мазкури дар доираи барномаҳои ин бонк дар 18 кишвари Аврупои шарқӣ, Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва Балтия пиёда мешавад.

Гуфта мешавад, барнома «Дастгирии машваратҳои тиҷоратӣ», ки ҳадафҳои аслии он кумак ҷиҳати рушд ба соҳибкории хурду миёна ва дастгирии рушди касбии ширкатҳои консалтингии маҳаллӣ мебошад, аз моҳи октябри соли 2001 дар Осиёи марказӣ ва аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ихтисоси бурс ё грантҳои пӯшонандаи нисфи масрафоти тарҳҳои консалтингӣ аз қисматҳои аслии ин кумак будааст.

XS
SM
MD
LG