Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо озодии матбуоташ дар зинаи 115


Гузоришгарони Бидуни Марз -гуруҳи назорат бар озодии матбуъот гузориши солонаи худро дар бораи озодии матбуъот дар саросари ҷаҳон ба табъ расондааст. Гузоришгарони Бидуни Марз натиҷаҳои мушоҳидаҳои худро дар 169 кишвар ҷамъоварӣ ва бо назардошти вазъи озодии матбуъот кишварҳоро дар ҷадвале ҷой додааст. Масалан, дар ин ҷадвал соли ҷорӣ Тоҷикистон дар миёни 169 кишвар зинаи 115-умро ишғол кардааст. Қирғизистон панҷ зина болотар аз Тоҷикистон дар мақоми 110-ум қарор дорад. Тибқи гузориши солонаи Гузоришгарони Бидуни Марз, вазъи озодии матбуъот дар Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон нисбат ба Тоҷикистон бадтар будааст. Қазоқистон дар зинаи 125, Узбакистон дар зинаи 160 ва Туркманистон дар зинаи 167 ҷой гирифтаанд. Зинаҳои аввали ҷадвалро кишварҳои Ислонд, Норвеж, Эстонӣ ва Словакия ишғол кардаанд. Кубо, Эрону Туркманистон ва Курёи Шимоливу Эритреa дар панҷ зинаи ахири ҷадвал ҷой гирифтаанд. Узбакистон низ бо зинаи 160-ум дар миёни даҳ кишвари ахири ин ҷадвал аст.
XS
SM
MD
LG