Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санади наслкушии арманиҳо ҳимоятро аз даст медиҳад


Дар Амрико санаде, ки куштори арманиҳоро қатли ом эътироф мекунад, тадриҷан ҷонибдорони худро аз даст медиҳад. Дар соли 1915 туркҳои усмонӣ тақрибан якуним милён арманиҳоро ба қатл расонданд. 23 кишвар ин амалро наслкушии арманиҳо эътироф кардаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳоло баъзе аъзои Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Демократи Амрико аз ҷонибдории ин санад сарфи назар кардаанд. Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико аз намояндагони Конгресс дархост кардааст, ки аз тарҳи ин санад ҷонибдорӣ накунанд. Ин санадро ҳафтаи гузашта яке аз кумитаҳои Конгресс ба тасвиб расонда буд.

XS
SM
MD
LG