Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Далай Лама Нишони тилоии Конгресс тақдим шуд


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико Далай Лама-раҳбари руҳонии Тибетро, ки дар ғурбат ба сар мебарад, ба ҳузур пазируфт, гарчӣ Чин ҳушдор дода буд, ки чунин кор метавонад ба муносиботи Чину Амрико халал ворид кунад. Ин мулоқот дар остонаи маросими тақдими ҷоизаи Конгресс ба Далай Лама сурат гирифт. Пекин Далай Ламаро ба унвони як ҷудоиталаб мешиносад, ки мехоҳад Тибет кишвари мустақил бошад. Ба ин далел Чин аз эҳдои ҷоизаи Медали Тиллоии Конгресс ба Далай Лама сахт интиқод кард. Ин ҷоиза имруз ба Лама дар бинои Конгресс, яъне дар Кэпитол Ҳилл эҳдо мешавад ва интизор меравад, ки Ҷорҷ Буш низ дар ин маросим ҳузур ёбад.

XS
SM
MD
LG