Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози фаъолияти ниругоҳи Бушеҳр рушан нест


Дируз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар Теҳрон аз эълони рузи оғози фаъолияти нахустин корхонаи ҳастаии Эрон, ки русҳо дар Бушеҳр бунёд мекунанд, худдорӣ кард. Баъд аз мулоқот бо Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон оқои Путин гуфт, расидагии дубора ба қарордоди якмиллиарддолларии сохтмони ниругоҳи ҳастаии Бушеҳр зарур аст, то ҳар ду ҷониб ҷанбаҳои қонунӣ ва таъаҳҳудоти молии худро рушан кунанд. Аз суи дигар Владимир Путин изҳор дошт, ки Маскав аз таъаҳҳудоти худ дар мавриди такмили сохтмони ин ниругоҳ ақабнишинӣ нахоҳад кард. Путин ва Аҳмадинажод барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эронро низ баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG