Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши сармоягузории хориҷӣ дар ҷаҳон


Полоишгоҳи нафт дар Русия
Полоишгоҳи нафт дар Русия

Гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар сартосари ҷаҳон иттилоъ медиҳад.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аъзои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ дар соли гузашта бештарин бахши сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ҷалб кардаанд. Сармоядорони беруна ба иқтисодиёти ин мамолик 69 миллиард доллар пул гузоштаанд, ки бахши аъзами онро Русия гирифтааст. Аслан, соли гузашта на танҳо сармоягузории мустақими хориҷӣ ба ин кишварҳо ба болотарин нуқтаи хеш расид, балки дар сартосари ҷаҳон чунин афзоиш, наздик ба 40 дарсад, ба мушоҳида расидааст. Бахши асосии онро сармоягузорӣ ба риштаи инержӣ ташкил додааст. Ва агар боз ҳам бориктар равем, ба истихроҷи нафт. Фақат як адад -- тавлиди нафт аз тарафи ширкатҳои фаромиллӣ дар берун аз кишварҳои худ ба 530 миллион бушка расид, дар ҳоле ки даҳ сол пеш онҳо дар якҷоягӣ ва берун аз кишвари худ ҳамагӣ 22 миллион бушка нафт тавлид мекарданд. Маҳз нафт сабаби ҷалби бахши бузурги сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, то 30 миллиард доллар, ба Русия шуд. Яке аз муаллифони гузориш, мушовири иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид, Калман Калотай, мегӯяд, тазоди Русия ин аст, ки фоидаи зиёд ва зудраси сармоягузорон аз дардисарҳои ҳамкорӣ бо Русия ширинтар мебошад.

"Як тафсир, албатта, ин аст, ки захираҳои табии Русия барои сармоягузорони хориҷӣ ин қадар ҷолибанд, ки шароити душвори корро ҳам қобили қабул мегардонанд. Масалан, шартеро, ки хориҷиён метавонанд, танҳо шарики хурдӣ бошанд. Онҳо ҳамчунин молиёти баланд, дастмузди зиёд ва дигар пардохтҳо ба ҳукуматро мепазиранд, зеро як шитобзадагие барои захираҳои табии Федерасиюни Русия дар миён аст."

Дар Тоҷикистон низ афзоиши сармоягузории хориҷӣ ба мушоҳида мерасад

Баъд аз Русия, Қазоқистон бо ҷалби 6 миллиард доллар сармояи хориҷӣ дар байни кишварҳои шӯрави собиқ аз лиҳози ҷалби маблағҳои беруна дар ҷои дуввум қарор дорад. Вале дар ин ҷо ҳам асосан нафт ва газ дар маркази диққат мебошанд. Остона ба хориҷиён шароити беҳтар пешниҳод мекунад, чунончи 48 дарсади ширкатҳои нафту гази онро хориҷиён дар даст доранд, дар ҳоле ки дар русия ин адад 7 % коҳиш ёфт. Кишвари дигари соҳиби сарватҳои ҳангуфти табиӣ Озарбойҷон аст, ки 95 дарсади сармояҳои беруна ба риштаи нафту гази он сарозер шудаанд. Дар ҳоле ки Қазоқистон талош дорад ҳамзамон риштаҳои дигари иқтисоди худро густариш диҳад, Озарбойҷон ба таври комил ба нафту газ такия задааст. Вале аз ҳарду кишвар дида суръат ва вусъати сармоягузориҳои хориҷӣ дар Украина болотар аст. Аҷобаташ дар он аст, ки Русия низ ба як сармоягузори қавии хориҷии Украина табдил меёбад.

Иқтисоди кишварҳое монанди Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон ва Қирғизистон дар ҷалби миллионҳои хориҷӣ начандон комёб ба шумор меравад. На танҳо набуди сарватҳое монанди нафту газ иллати ин ақибмонист, балки шароити кори ширкатҳои хориҷӣ ва заъфи тазмини ояндаи онҳо эҳтиёткории сармоягузоронро ангезиш медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин дар кишварҳои номбаршуда низ афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ ба мушоҳида мерасад. Сухангӯи Вазорати тиҷорат ва рушди иқтисодии Тоҷикистон Ғафурҷон Расулӣ мегӯяд: "Дар соли 2005 ба иқтисодиёти Тоҷикистон 174 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шуд, ки аз он танҳо 54, 5 миллион доллараш сармоягузории мустақим буд. Аммо дар соли 2006 сармоягузориҳои хориҷӣ ҷамъан 275 миллион долларро ташкил дод ва аз онҳо 196,5 миллиони он маблағгузории мустақим мебошад."

Дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, дар бархе аз давлатҳо, монанди Русия ва Узбакистон, ҳукуматҳо назорат бар риштаҳои стратегии саноатиро бо ду роҳ тақвият медиҳанд. Якум, маҳдудияти саҳми сармоягузорони хориҷӣ дар назорати мустақим ба тавлид ва дуввум, ҳифзи ҳатмии 25 дарсади саҳм аз 50, 1%-и аксарият дар дасти давлат ё ширкатҳои миллӣ.

XS
SM
MD
LG