Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интиқом"-и милисаҳои рус аз донишҷӯёни тоҷик


Раиси Бунёди омӯзиш ва парвариши Русия Сергей Комков, ба нақл аз раиси пулиси ноҳияи Вихинои Маскав гуфт, донишҷуёни тоҷик аз Донишгоҳи маъмурият, ки бо иттиҳоми нигаҳдории наздик ба 5 кило маводи мухаддир боздошт шуда будаанд, озод карда шуданд. Раиси пулиси ноҳия Александр Федюлин гуфтааст, бачаҳо гуноҳе надоранд ва аз онҳо ба ҳайси ҷабрдида забонхат гирифта шудааст .

Ба гуфтаи Комков, донишҷуёни тоҷик рузи душанбе, 15 октябр пас аз дарс ба хобгоҳ омада, дари хонаи худро шикаста ва хонаро ғораткарда диданд ва ба пулис арз карданд. Нафарони пулис, ки барои тафтиши ҷой ҳодиса омада буданд, аз тафтиши хона сарфи назар карда, рост ба ҳоҷатхона рафтанд ва аз пушти қубури об халтачаеро бо хокаи шабеҳ ба маводи мухаддир бардоштанд ва чор донишҷуй тоҷикро ба идораи пулис кашонидаанд.

Сергей Комков, ки тайи ду руз ҷараёнро таҳти назорат доштааст, гуфт, тафтиши муқаддамотӣ нишон дод, ҳадафи милисионерҳо ин будааст, ки бачаҳоро битарсонанд ва ба ин васила аз онҳо ва ё аз падару модари онҳо пул бируёнанд ва ҳамин тавр интиқоми дустони худро бигиранд. Яке аз милитсионерҳо дар ҷараёни бозпурсии донишҷуён ин ғаразро ошкоро баён кардааст.

Намояндаи Бунёди омузиш ва парвариши Русия Сергей Комков ёдоварӣ кард, моҳи июни соли гузашта шаш нафар зердастони сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии пулиси ноҳияи Вихино, ба мақсади ҷазо додани чеченҳое ки зани вай- коменданти хобгоҳро ранҷонидаанд, ба хобгоҳ омада, тасодуфан ба донишҷуёни тоҷик ҳамла мекунанд, онҳоро мезананд ва телефону пулҳояшонро кашида мегиранд.

Баъдтар додгоҳи ноҳияи Кузминкии Маскав се нафари онҳоро аз ду то чор сол ба зиндон ҳукм кард. Аз он шаш нафар ду тан ҳоло ҳам дар идораи пулис кор мекунанд ва онҳо ҳамроҳ бо дигар ҳамкоронашон ба қасди интиқом дари хонаи донишҷуёни тоҷикро дар хобгоҳ шикаста, дар ҳоҷатхона наздик ба 5 кило хокаи шабеҳ ба маводи мухаддирро пинҳон кардаанд. Дар бораи ин найранг Оҷонси давлатии назорат бар маводи мухаддири Русия, Идораи марказии пулиси Маскав ва сафорати Тоҷикистон хабар доштаанд.

Навбатдори идораи пулиси ноҳияи Вихино ба дархости радиои Озодӣ дар Маскав аз ҳар гуна посух ва тавзеҳ худдорӣ кард.

Хабари боздошти донишҷуёни тоҷик бо панҷ кило маводи мухаддир дар маҳфилҳои хабарии Русия бозтоби густурда дорад. Оҷонси русии РБК дар ин робита бо истифода аз омори идораи тандурустии шаҳри Маскав навиштааст, дар қиёс бо панҷ моҳи соли гузашта дар соли 2007 шумораи донишҷуёне ки ба ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир даст доранд, 45 дар сад афзоиш ёфтааст. Гузашта аз ин, бахши аъзами онҳо бо гуноҳи паҳн кардани маводи мухаддир дар байни донишҷуён боздошт шудаанд- навиштааст хабаргузории РБК.

XS
SM
MD
LG