Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии баён дар Тоҷикистон каме беҳтар шудааст


Кишвари Эритрея дар феҳрасти озодии баён, ки аз сӯи созмони “Гузоришгарони бидуни марз” мураттаб шудааст, миёни 169 кишвар дар мақоми охирин ҷой гирифтааст. Ба гуфтаи масъулини созмон, дар Эритрея расонаҳои мустақил комилан аз байн рафта чандин хабарнигоре, ки дар бораи ҳукумат гузоришҳои интиқодӣ нашр карданд, равонаи маҳбас шудаанд. Чаҳор тан аз хабарнигорони маҳкумшуда дар маҳбас аз дунё даргузаштаанд.

Миёни даҳ кишваре, ки вазъи озодии баён "бадтарин" арзёбӣ шудааст, ду кишвари Осиёи марказӣ -Узбакистон ва Туркманистон низ ҳастанд.

Дар феҳраст Тоҷикистон дар мақоми 115 ҷой гирифтааст, яъне назар ба соли гузашта 10 мақом боло рафтааст. Миёни кишварҳои минтақа вазъи озодии матбуот дар Қирғизистон беҳтар арзёбӣ шудааст ва ин кишвар дар хатти 110 уми феҳраст қарор дорад. Дигар кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистонро созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар хатти 125 ҷой додааст.

Аз нигоҳи муаллифони феҳраст, вазъи озодии матбуот дар Озарбойҷон, Русия ва Белорус низ басо нигаронкунанда аст – ин кишварҳо низ дар поёни феҳраст қарор доранд.

XS
SM
MD
LG