Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти Теҳрон поён ёфт


Нишасти сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар дар Теҳрон бо қабули Эъломия поён ёфт. Тибқи ин санад, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия ва Туркманистон ба кишвари саввум барои истифодаи қаламравашон ба хотири ҳамла ба давлатҳои минтақа иҷоза нахоҳад дод. Дар Эъломия ҳамчунин гуфта шудааст, кишварҳое, ки Созишномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаиро имзо кардаанд, барои рушди энерҷии ҳастаии осоишта ҳақ доранд.

Дар ин санад мақоми ҳуқуқии дарёи Хазар мушаххас нашудааст ва аммо ширкаткунандагони нишаст гуфтанд, ки дар ин мавзӯъи печида ва баҳсбарангез қадаме пеш гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG