Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ва барномаи ҳастаии Эрон


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин дар Теҳрон, 16 октябри соли 2007

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин дар Теҳрон, 16 октябри соли 2007

Президенти Русия Владимир Путин дар Теҳрон бар зидди ҳама гуна ҳамлаи низомӣ ба Эрон ҳушдор дод ва аз ҳаққи ин кишвар ба нирӯи ҳастаӣ ҳимоят кард.

Путин аввалин раҳбари Кремл аст, ки аз замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум, пас аз Иосиф Сталин, ба Теҳрон сафар кардааст. Сафари ӯ ба ин ҷо барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Каспий дар авҷи чораҳои шадиди амниятӣ ба думболи овозаҳои эҳтимоли сӯиқасд ба ҷони ӯ ҷараён гирифт. Ин сафар барои ҷумҳурии исломӣ, ки зимни барномаи тазодомези ҳастаӣ дар ҳоли ташаннуҷ бо давлатҳои Ғарб қарор дорад, дорои аҳамияти махсус мебошад. Путин дар Теҳрон гуфт, "муҳим аст, ки мо на танҳо бояд аз ҳеч гуна зӯр истифода накунем, балки бояд ҳатто аз эҳтимоли истифодаи нирӯ фикр ҳам надошта бошем." Ин изҳороти Путин дар паси мизи гуфтушунид бо президентҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон ва Қазоқистон садо дод. Вай инчунин афзуд, ҳеч яке аз кишварҳои ҳошияи Баҳри Каспий ё Дарёи Хазар, набояд қаламрави худро барои амалиёти ҳарбӣ ба кишварҳои саввум вогузор кунанд.

Иёлоти Муттаҳида истифодаи нирӯро дар муқобили Эрон дар ҳоли идомаи барномаи ҳастаии он яке аз гузинаҳо мешуморад, вале ҳамсояи шимолии Эрон, Озарбойҷон гуфтааст, ба Амрико ин иҷозаро намедиҳад, ки бо истифода аз қаламрави он ба Эрон ҳамла кунад.

Баъд аз мулоқоти сарон, гуфтушуниди дуҷонибаи Путин ва раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод барпо шуд. Тибқи хабарҳо дар ин мулоқот барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шудааст, вале аз ҷузъиёти он хабаре аз паси дарҳои баста берун наомадааст. Пеш аз оғози гуфтушунид, Аҳмадинажод бори дигар эълон кард, ки барномаи ҳастаии кишвараш сулҳомез аст ва қатъ нахоҳад шуд. Путин ҳафтаи гузашта дар дидор бо президенти Фаронса Николас Саркозӣ мавзеъгирии худро рӯшан карда буд. Вай мегуфт, ҳеч далели дақиқе дар даст нест, ки Эрон дар пайи дастёфт ба силоҳи ҳастаист. Сафари ӯ ба Теҳрон ва изҳороти тозааш фосиларо миёни ӯ ва сарони ғарбӣ ба маротиб бештар кард. Вале як манбаи наздик ба Путин мегӯяд, Русия ва Ғарб ҳамназаранд, ки Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Мушкил дар ин аст, ки ҳар тараф аз токтикҳои гуногун истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG