Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вазирони умури хориҷии ЕСО дар Ҳирот


Афғонистон шурӯъ аз имрӯз мизбонии нишасти Шӯрои Вазирони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро бар дӯш дорад. Вазирони умури хориҷаи 10 кишвари узв тайи панҷ рӯз – то рӯзи 20 октябр дар шаҳри Ҳирот масоили марбут ба ҳамлу нақл ва ҳаракати нақлиёт дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин нишаст асноди зарурӣ барои нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро таҳия хоҳад шуд, ки қарор аст дар Покистон доир шавад.

Дар нишасти Ҳирот ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои молӣ - Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд низ ширкат доранд.

Ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЕСО) Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Озарбойҷон ва панҷ кишвари собиқ шуравии Осиёи Марказӣ шомиланд.

XS
SM
MD
LG