Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ аз имкони вуруди неруҳои Туркия нигарон аст


Нурӣ Ал-Моликӣ - сарвазири Ироқ ба хотири баррасии имкони вуруди неруҳои низомии Туркия ба шимоли кишвар ҷаласаи фавқулоддаи кобинаи вазиронро доир кард. Охири ҳафтаи гузашта ҳукумати Туркия аз парлумони кишвар хост, ки барои амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони Ҳизби коргари Курдистон дар шимоли Ироқ иҷоза диҳад. Ва аммо имрӯз Раҷаб Тайиб Эрдуғон – сарвазири Туркия гуфт, ки "иҷозаи парлумон маъноии ногузирии шурӯъи амалиёти низомиро надорад".

Ба иттилоъи дафтари сарвазири Ироқ, дар ҷаласаи имрӯза вазъ дар марзи кишвар бо Туркия мавриди баррасӣ қарор хоҳад дошт. Охири ҳафта неруҳои Туркия чанд деҳа дар шимоли Ироқро тирборон карданд.

Имрӯз палатаи поёнии парлумони Русия аз Туркия даъват кард, ки аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар шимоли Ироқ худдорӣ варзад, зеро “ин гуна амалиёт вазъи минтақаро бештар ноором хоҳад кард”. Дар изҳороти Думаи давлатии Русия ҳамчунин вуруди неруҳои таҳти фармони Иёлоти Муттаҳида ба Ироқ чун “поймолсозии ҳуқуқи байналмилалӣ” арзёбӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG