Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи "норанҷи"-и ҷадид дар Укроин


Эътилофи Юлия Тимошенко ва ҳизби “Укроини мо”- ҳизби пуштибон аз раиси ҷумҳур Виктор Юшенко дар мавриди ташкили эътилофи ҳукмрон дар парлумони Укроин ба мувофиқа расиданд. Тарҳи созишнома ахиран ба раиси ҷумҳур Виктор Юшенко пешниҳод шуд.

Юлия Тимошенко дар нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, ки “дар натиҷаи интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ ҳам Верховная Рада ва ҳам ҳукумат дар Укроин тағйир ёфт”. “Мо ба ҳадафи худ расидем, афзуд хонум Тимошенко, парлумон нав аст ва акнун неруҳои демократӣ ҳама имконҳоро доранд то дар кулли бахшҳо ислоҳотро ба роҳ монанд ва мардум шоҳиди тағйироти ҷиддӣ дар Укроин шаванд”.

Дар интихобот ба Верховная Рада Ҳизби Манотиқи сарвазир Виктор Янукович бо дарёфти беш аз 34 дар сади раъйҳо пирӯз шуд ва аммо ду ҳампаймон аз замони “инқилоби норанҷӣ” – Эътилофи Юлия Тимошенко ва ҳизби “Укроини мо” дар маҷмӯъ бештари курсиҳои парлумонро соҳиб шуданд ва барои таъсиси эътилофи ҳукмрон имкон пайдо карданд.

XS
SM
MD
LG