Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теҳрон тақсими захоири Хазар баррасӣ мешавад


Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон аз кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар даъват кард, ки ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоиштаро таҳким бубахшанд. Дар ифтитоҳи нишасти сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар дар Теҳрон раҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия ва Туркманистон низ суханронӣ карданд. Владимир Путин – раисиҷумҳури Русия, аз ҷумла, изҳор кард, ки истифодаи неруи низомӣ дар минтақаи дарёи Хазар ғайри қобили қабул аст ва "ҳама ихтилофи назар дар мавриди мақоми ин дарё бояд танҳо аз роҳи музокирот ҳаллу фасл шавад".

Ҳадафи аслии нишасти Теҳрон – ҳосил кардани созиш дар мавриди тақсими баҳри Хазар аст, ки захоири ғании нафтро дорост.

Интизор меравад, ки дар долонҳои нишаст Маҳмуди Аҳмадинажод ва Владимир Путин атрофи қазияи барномаи ҳастаии Эрон музокирот кунанд.

Дар арафаи саммити Теҳрон хабаргузориҳои ғарбӣ бо такя ба манбаъҳои мӯътамад дар бораи имкони сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин иттилоъ доданд. Ва аммо раиси ҷумҳури Русия эълом дошт, ки тасмимаш дар мавриди ширкат дар нишасти Теҳронро тағйир нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG