Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Роберт Гейтс дар бораи Эрон


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико гуфт, ҳамаи роҳҳои ҳали буҳрони барномаҳои ҳастаии Эрон бояд боз бимонад. Вай ин нуктаро дар пажуҳишгоҳи яҳудиҳо дар Вошингтон изҳор дошт. Оқои Гейтс ҳамчунин аз маҳофили байналмиллалӣ дархост кард, ки барои даст кашидани Эрон аз барномаҳои ҳастаиаш бояд бар зидди ин кишвар таҳримҳои бештар ҷорӣ кунанд. Ин изҳороти Роберт Гейтс дар ҳоле садо дод, ки қарор аст Эҳуд Борак-вазири дифоъи ҷадиди Исроил аз Вошингтон боздид кунад.
XS
SM
MD
LG