Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътибори нозирони СММ дар Гурҷистон тамдид шуд


Шурои Амнияти СММ ба иттифоқи оро эътибори нозирони худро дар Гурҷистон тамдид кард. Нозирони СММ дар ин кишвар аз соли 1993 ба ин су бар ҷараёни оташбас миёни Гурҷистон ва ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон назорат мебаранд. Шурои Амнияти СММ ҳамчунин аз бархурди мусаллаҳонаи ахири миёни ин ду тараф ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Шурои Амният аз Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ хост ба ин ҳодиса расидагӣ сурат бигирад ва ҷонибҳо барои ҳалли қобили қабул ва давомдори ин масъала бо ҳам ба музокира биншинанд.

XS
SM
MD
LG