Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи санади ҳамлаи Туркия ба курдҳои шуришии Ироқ


Ҳукумати Туркия тарҳи санадеро дар бораи анҷоми амлиёти низомии фаромарзӣ дар шимоли Ироқ бар зидди шуришиёни курд барои тасвиб ба порламони кишвараш фиристод. Дар ин бора Чемил Чечик-муовини нахуствазири Туркия чунин гуфт:

"Дархости ҳукумат барои иҷозаи анҷоми амалиёти фаромарзӣ имруз бо имзои назуствазир ва ҳамаи вазирон ба порламон фиристода шуд".

Ба гуфтаи оқои Чечик, интизор меравад, ки ҳамин ҳафта порламони Туркия ин санадро ба райдиҳӣ бигзорад.

XS
SM
MD
LG