Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард


Узбакистон эълон кардааст, нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кардааст. Дар ин кишвар 3 милёну 600 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шудааст. Дар паёми Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон, ки дар матбуъот ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки ҳамаи сад дарсади пахтаро воҳидҳои хусусии кишоварзӣ парвариш ва ҷамъоварӣ кардаанд. Узбакистон дуввумин кишвари бузурги содиркунандаи пахта ва шашумин кишвари тавлидкунандаи он дар ҷаҳон ба шумор меравад. 75 дарсади пахтаи Узбакистон ба хориҷ содир мешавад.

XS
SM
MD
LG