Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафт дар Ню Йорк рекордро шикаст


Арзиши нафт дар бозорҳои Ню Йорк ба нархи рекордӣ расид. Ҳоло як бушка нафт дар Ню Йорк 86 доллар арзиш дорад. Баъд аз он ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт ё узви ОРЕС гуфтанд, бо вуҷуди иҳтиёҷи рузафзуни ҷаҳониён ба нафт тавлиди он дар кишварҳои хориҷ аз созмони ОРЕС коҳиш ёфтааст, болоравии нарх мушоҳида шуд. Афзоиши нархи нафт шояд ба он ҳам иртибот дорад, ки Туркия мегуяд, бар зидди шуришиёни курд дар шимоли Ироқ амалиёти фаромарзӣ анҷом хоҳад дод. Дар он сурат мумкин аст, интиқоли нафт аз манотиқи курднишин дар шимоли Ироқ қатъ шавад.

XS
SM
MD
LG