Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо вуҷуди нақшаи суиқасд Путин ба Теҳрон меравад


Имруз дар Теҳрон-пойтахти Эрон дуввумин мулоқоти раҳбарони 5 кишвари ҳошияи Дарёи Хазар ба кори худ оғоз мекунад. Дар кори он раҳбарони Руссияву Эрон, Озарбойҷону Туркманистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд. Қарор аст то субҳи имруз ҳамаи раҳбарони ширкаткунанда дар ин мулоқот вориди Теҳрон шаванд. Дар остонаи ин мулоқот хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд, ки нақшаи суиқасде ба ҷони Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар Теҳрон ифшо шудааст. Путин дируз дар поёни мулоқоташ бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар шаҳри Висбадени Олмон гуфт, бо вуҷуди нақшаи суиқасд боздидаш аз Эронро лағв намекунад. Раиси ҷумҳури Русия бомдоди имруз вориди Теҳрон мешавад.

XS
SM
MD
LG