Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои сиёсии аҳзоби Русия бо ҷавонон


В Грузии разглядели параллели между действиями России на Кавказе и Балтике. На фото: покинутый жителями Гори

В Грузии разглядели параллели между действиями России на Кавказе и Балтике. На фото: покинутый жителями Гори

Ҳизбҳои сиёсии Русия эълон кардаанд, ки дар интихоботҳои оянда ҷавонон дар паҳлуи сиёсатмадорони ин кишвар ширкат хоҳанд кард.

Аммо Иван Болшаков, раиси бахши маскавии созмони ҷавонони ҳизби Яблоко, мегуяд, дар ҳоли ҳозир ҷавонони Русия чандон ба сиёсат майл надоранд. Ба гуфтаи вай, ҷавонони рус дар ҳоли ҳозир бештар саргардони вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии худ ҳастанд ва зиндагии худро ба сиёсат намепайванданд.

Дар ҳамин ҳол раиси кумитаи навбунёди ҷавонони Русия Василий Якименко бар ин назар аст, ки дар дар ҳоли ҳозир барои ҷавонон дар Русия ҳамаи шароит муҳайё аст то худро дар сиёсат арза намоянд. Василий Якименко дар гузаштаи наздик раёсати созмони ҷавонони кремлгаро мавсум ба «НАШИ»-ро бар ӯҳда дошт. Ба эътиқоди вай, ҳадафи аксари ҷавонони имрӯзаи Русия ҳимояи давлати худ аз инқилобҳои рангаӣ ва пуштибонӣ аз барномаҳои раисҷумҳури Русия Владимир Путин аст.

Аммо Иван Болшаков ба гуфтаҳои оқои Якименко чандон розӣ нест. Вай гуфт, давлат тадбирҳое меандешад ки ҷавонон ба сиёсат наздик нашаванд. Вай афзуд, барои мисол, Кохи Кремлин ҳар сол аз ҳисоби ҷавонон як созмон ташкил мекунад ба монанди «НАШИ», «Молодая Гвардия», «Местние» ва ғайра, то ки ҷавонон ба ҳизбҳои сиёсии демократӣ дар ин кишвар напайванданд.

Ба гуфтаи коршиносон ҳизбҳои сиёсии Русия ба ҷавонони ин кишвар бештар дар замони интихобот ваъдаҳои гуногун медиҳанд. Ва пас аз интихобот ин ваъдаҳо аз ёди сиёсатмадорон фаромӯш мешавад. Аммо гурӯҳи дигари коршиносон бар онанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳизбҳои сиёсии Русия кушиш мекунанд ба ҷавонони ин кишвар гӯш бидиҳанд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, низ дар гуфтаҳои ахири худ таъкид карда буд, ки ояндаи Русия дар дасти ҷавонони ин кишвар аст, на дар дасти сиёсатмадорони имрӯза.

XS
SM
MD
LG