Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузор худ ва аҳли оилаашро ба қатл расонд


Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, дар ҷануби ин кишвар як бомбгузори маргталаб худ ва аҳли оилаашро ба қатл расонд. Вазорат меафзояд: Вақте модари бомбгузор кӯшиш кард, фарзандашро аз роҳи худкушӣ нигаҳ дорад, кашокаш ба амал омада, ҷиҳози таркандаи пинҳон дар камари бомбгузор фаъол шуд. Ҳодиса 14 октябр дар деҳаи Чораи вилояти Урузгон ба вуқӯъ пайвастааст.

Бар асари таркиш худи бомбгузор, модари ӯ, хоҳар ва бародари 11 солааш ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон бар ин назар аст, ки бомбгузор дар мадрасаи ифротгароёни покистонӣ бомбгузориро тамрин карда буд.
XS
SM
MD
LG