Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи расмии интихоботи Украина эълон шуд


Комиссияи марказии интихоботи Украина натиҷаи расмии интихоботи парламентии 30-уми сентябрро эълон кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Киев иттилоъ медиҳад, ки ҳизби минтақаҳои зери раҳбарии сарвазири Украина Виктор Янукович 175 курсии парламенти иборат аз 450 ҷои нишастро касб намудааст.

Эътилофи Юлия Тимошенко 156 курсӣ ва эътилофи Украинаи мо-Дифоъ аз мардум, ки таҳти назорати президенти украин Виктор Юшенко қарор дорад, 72 курсӣ ба даст овардааст. Қаблан Тимошенко ва Юшенко иброз доштанд, ки ҳозиранд, ҳукумати эътилофӣ ташкил намоянд.
XS
SM
MD
LG