Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Қирғизистон-раиси ҳизби нав


Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев раҳбарии ҳизби навро бар ӯҳда гирифт. Имрӯз дар Анҷумани поягузории ҳизби нави Оқ Ҷол Элдик Партиясӣ ё худ Ҳизби Мардумии Роҳи Сафед дар шаҳри Бешкек президент Боқиев раиси он интихоб шуд. Анҷумани ҳизб дар рӯ ба рӯи назархоҳии конститутсионии якшанбеи 21 -уми октябр доир шудааст. Пешбинӣ мешавад, ки баъди ин референдум дар Қирғизистон интихоботи парламентӣ баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG