Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ба Эрон меравад


Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, сарфи назар аз гузоришҳо дар бораи тарҳрезии кӯшиши сӯиқасд ба ҷонаш ӯ имрӯз ба Теҳрон меравад.

Дар нишасти матбуотии муштарак бо кантслери Олмон хонум Ангела Меркел, ки дар шаҳри Весбадени Олмон доир гашт, Владимир Путин гуфт, "дар ҳақиқат ман ба Эрон меравам!."

Ӯ афзуд, "агар ман доимо ба ҳушдорҳои хадамоти амниятӣ гӯш медодам, ман ҳеҷ гоҳ аз хона берун шуда наметавонистам."

Феълан президенти Русия барои ширкат дар Анҷумани солонаи Русияву Олмон ва музокирот бо Меркел дар Олмон мебошад.

Кишварҳои ғарбӣ сафари Путин ба Эронро муроқибат хоҳанд кард. Онҳо бар ин боваранд, ки барномаи ҳаставии Эрон ниқобест барои тавлиди силоҳи ҳаставӣ.

XS
SM
MD
LG