Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони маҷрӯҳи афғон дар Олмон табобат мегиранд


Мақомоти беҳдоштии Олмон мегӯянд, рӯзи чоршанбе 57 кӯдаки афғони маҷрӯҳ барои табобат ба шаҳри Ҳамбург меоянд. Бо ҳамон ҳавопаймои фармоишӣ 20 навраси афғон баъди муолиҷа дар шифохонаҳои олмонӣ ба ватан бармегарданд. Ба қавли мансабдорони олмонӣ 57 кӯдаки маҷрӯҳ дар 30 шифохонаи саросари ин кишвар муолиҷа хоҳанд шуд. Назорати ин равандро созмони "Кӯдакон ба мо эҳтиёҷ доранд!" бар ӯҳда гирифтааст. Сар аз соли 2002-ум бар пояи ин барнома дар шифохонаҳои олмонӣ беш аз 300 кӯдаку навраси афғон табобат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG