Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин ҳавопаймои мусофирбар ба соҳибаш расид


Имрӯз ширкати "Эйрбас" (Airbus) аввалин ҳавопаймои А380-бузургтарин мусофирбари рӯи оламро ба ширкати ҳавоии Сингапур (Singapore Airlines) тақдим намуд. Дар шаҳри Тулузи Фаронса маросими ботантанаи оғози истифодаи ҳавопаймо барпо шуд. А380 73 метр тӯл дошта, имкон дорад, ки дар як вақт 853 мусофирро интиқол диҳад. Бо сабабҳои фаннӣ оғози истифодаи ин навъи ҳавопаймоҳо аз барномаи аслӣ якуним cол дертар доир гашт.

XS
SM
MD
LG