Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистони Чин анҷумани худро оғоз карданд


Маросими ифтитоҳи анҷумани 17-уми Ҳизби коммунисти Чин, Пекин, 15-уми октябри соли 2007
Маросими ифтитоҳи анҷумани 17-уми Ҳизби коммунисти Чин, Пекин, 15-уми октябри соли 2007

Дар Чин Анҷумани ҳизби коммунист ифтитоҳ ёфт, ки роҳҳои рушди ояндаи ин кишвар ва ба эҳтимоли зиёд ҳайъати раҳбарияти нави онро муайян хоҳад кард.

Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин, анҷумани 17-уми Ҳизби коммунисти ин кишварро бо ваъдаи рафъи пайомадҳои манфии рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти маҳдуди низоми сиёсӣ ифтитоҳ намуд. Дар Толори Бузурги Мардумӣ дар рӯ ба рӯи 2200 вакили анҷумане, ки як дафъа дар 5 сол барпо мешавад, Ҳу гуфт, бозсозии низоми давлатдории Чин, ки аз солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шудааст, ба мардуми ин кишвар сарвати зиёд овард, вале нархи ин рушд аз ҳисоби хисороти бузурги зистмуҳитиву иҷтимоъӣ пардохт шудааст. Бо ишора ба рушди нобаробари шаҳрҳову деҳот, манотиқи мухталифи Чин ва ҳамчунон номуназзамӣ миёни иқтисод ва ҷомиъа, Ҳу иброз дошт, ки кишвар бояд ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиъӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ намояд.

Шореҳон шубҳа надоранд, ки ин анҷуман барои 5 соли дигар раёсатҷумҳурии Ҳу Ҷинтаоро тасдиқ мекунад. Ҳамчунин эҳтимол меравад, ки сарвазири феълӣ Вен Ҷиабао низ курсии худро барои 5 соли дигар ҳифз кунад. Вале интизор меравад, ки ки ситораҳои нави саҳнаи сиёсат барои ҷойнишинии Ҳу Ҷинтао ва Вен Ҷиабао рӯи кор хоҳанд омад. Бино ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, анҷумани Ҳизби коммунисти Чин зери назорати шадиди нерӯҳои амниятӣ сурат мегирад. Гуфта мешавад, хадамоти амниятӣ тамоми роҳҳо ба сӯи майдони Тянанменро бастаанд. Ҳамзамон аксари дигарандешон ё дар боздошт ва ё дар зери назорат мебошанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони байнулмилалӣ бар ин назаранд, ки дар давоми 5 соли ояндаи раҳбарии Ҳу Ҷинтао дар сиёсати Чин тағйироти бузурге ба вуқӯъ нахоҳад пайваст, вале баъзе ҳаракатҳо дар самти демократия, аз ҷумла фаъолгардии мардум дар баҳсу баррасии масоили сиёсии кишвар, аз ҳоло мушоҳида мешавад. Гуфта мешавад, анҷумани ҳизби коммунисти Чин 10 рӯз идома хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG