Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербҳо ва албаниҳо ба музокира розӣ шуданд


Дируз мақомоти расмии Сербистон ва албаниҳои Косово ба тавофуқ расиданд, ки роҷеъ ба сарнавишти баъдии Косово даври нави музокиротро оғоз кунанд. Дар эъломияе, ки намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Руссия баъд аз мулоқоти худ дар Бруксел мунташир сохтаанд, Сербистон ва Косово дар бораи мақоми ояндаи ҳуқуқии Косово пешниҳодҳои худро ироа доштаанд. Дар эъломия омдааст, ҷонибҳо 22-юми октябр дар Вена даври нави музокиротро шуруъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG