Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пелосӣ аз қатъномаи наслкушии арманиҳо дифоъ кард


Хонум Нэнсӣ Пелосӣ-раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико аз тасмими яке аз кумитаҳои ин маҷлис дар бораи қатли ом эътироф шудани куштори арманиҳо дар соли 1915 дифоъ кард. Дар ҷараёни Ҷанги Ҷаҳонии якум Оттоманҳои турк ҳудуди якуним милён арманиҳоро ба қатл расонданд. Суханони Нэнсӣ Пелосӣ дар ин бора аз шабакаи телвизюнии Эй Би Си-и Амрико пахш шуд. Ба гуфтаи Пелосӣ, 23 кишвари ҷаҳон куштори арманиҳоро қатли ом эътироф кардаанд ва Амрико бояд 24-умин кишвар бошад.

XS
SM
MD
LG