Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуҳ куштаи инфиҷор дар Бағдод


Таркиши як бомба дар Бағдод нуҳ нафарро ба ҳалокат расонд. Инфиҷор дар паҳлуи автобуси хурде ба амал омад, ки мебоист, зоиронро ба як обидаи шиъагон дар пойтахти Ироқ интиқол медод. Полис мегӯяд, ҳамчунин 13 нафар аз ин таркиш маҷрӯҳ шудаанд. Пештар полис хабар дода буд, ки як мошини паркшуда дар ҳамин хиёбон мунфаҷир гашт, аммо таркидани он талафоте дар пай надошт. Ҳамзамон дар задухӯрдҳое дар рустои Асрия, дар 50-километрии шимоли Ҳулла дар вилояти Бобул 17 гумонбаршудаи ошӯб ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG