Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия дудидаи ҳамла ба шимоли Ироқ


Тибқи хабарҳои расида, Туркия ба як русто дар шимоли Ироқ ҳафт то ҳашт гулӯла партоб кардааст. Шоҳидон ба хабаргузории Ройтерз гуфтанд, ин гулӯлаҳо шаби шанбе дар деҳаи Нездур, дар фосилаи панҷкилометрӣ аз марзи Туркия мунфаҷир шудаанд. Аз ҳеч талафот ё харобие иттилоъ дода нашудааст. Ҳамлаи тӯпхонаӣ дар ҳоле ба амал меояд, ки Туркия дудилааст, оё бар зидди шӯришиёни ҷудоихоҳи курд дар шимоли Ироқ ҳамла анҷом диҳад ё на.
XS
SM
MD
LG