Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба интихобот дар Австралия


Бо эълони интихоботи умумӣ дар моҳи оянда, сарвазири Австралия Ҷон Ҳовард гуфт, тасмими ҳифзи нирӯҳои кишвараш дар Ироқ бо вуҷуди мухолифати оммавӣ, тасмими дуруст аст. Ҳовард, ки дар ибтидои соли 2003 нирӯҳои австралиро ба Ироқ фиристод, бо маҳбубияти афзояндаи Ҳизби марказгарои дастичапии Коргар рӯбарӯст, ки ваъда додааст, дар ҳоли пирӯзӣ дар интихоботи 24-уми ноябр, ин нирӯҳоро ба ватан хоҳад хонд. 1575 низомии Австралия аз амалиёт дар Ироқ пуштибонӣ мекунанд, ки аксарияти онҳо на дар худи Ироқ, балки дар Ховари Миёна мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG