Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари навбатии Райс ба Ховари Миёна


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс имрӯз барои таҳияи конфаронси сулҳи моҳи ноябр ба Ховари Миёна сарфар кард. Вай мегӯяд, гардиши куллиеро дар ростои ин конфаронс дар як моҳи оянда пешбинӣ намекунад. Ҳайъатҳои музокиракунандаи Исроил ва фаластинӣ ҷаласаҳои худро сар кардаанд, то ба "масъалаҳои меҳварии конфаронси байнулмилалӣ" расидагӣ кунанд. Сарпарастии ҳамоишро Иёлоти Муттаҳида бар дӯш дорад ва он қарор аст дар Вошингтон барпо шавад. Дар рафти ин сафар Райс бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмурт дар Иерушалим ё Байтулмуқаддас ва дертар бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар каронаи Бохтарӣ мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG