Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунатҳои нав дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як ҳамлавари худкуш савори мототсикл бомбаеро бо худ ба маркази як бозор расонд ва дар он ҷо инфиҷор дод. Бар асари ин таркиш дар ҷануби Афғонистон нӯҳ нафар кушта, 30 тан захмӣ шудаанд. Дар изҳороти Нирӯҳои кӯмаки амниятии НАТО ба Афғонистон гуфта мешавад, дар таркиши дигар дар шаҳри Спинбулдаки вилояти Қандаҳор ду афсари полис ва ҳафт ғайринизомӣ ба ҳалокат расидаанд. Полиси Афғонистон мегӯяд, даргириҳои рӯзи шанбе дар наздикии марз бо Покистон ҳафт кушта ба ҷой гузоштааст.
XS
SM
MD
LG