Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қандаҳор шоҳиди хунрезӣ шуд


Пулиси Афғонистон мегӯяд, як бомбгузори интиҳорӣ дар вилояти Қандаҳор ҳафт нафарро кушта ва тақрибан 30 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ин бомбгузор бо мотосиклаш ба бозори пуродаме дар шаҳри Спинболдаки Қандаҳор ворид шуда ва дастгоҳи таркандаро ба ҳаракат даровардааст. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи шанбе сурат гирифт, кормандони пулис ва афроди ғайринизомӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG